“Дэу Сиело” сабаби марги боз як ноболиғ
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам)- Дирӯз дар шаҳри Кӯлоб соати 7:20 дақиқа садамаи нақлиётӣ рух дод, ки он боиси марги ноболиғ гардид. Ба иттилои масъули Раёсати БДА ҶТ М. Шамсов мошини тамғаи “Дэу Сиело” таҳти идораи ронанда Мустафо Достиев ҳангоми ҳаракат бо хиёбони Исмоили Сомонӣ пиёдагард Далер Нуралиеви даҳсоларо зер мекунад, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Маврид ба зикр аст, ки шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ панҷ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо як нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар дар беморхонаҳо бистарӣ гардидааст.








ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд






