|
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). - Дирӯз, 1 июн якбора ду ҳавопаймои боркаши Вазорати вазъияти фавқулоддаи Русия ба фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб нишаст. Ин ҳавопаймоҳо кӯмаки хайрияи Ҳукумати Русияро ба зарардидагони боришҳои тӯлонӣ, сел ва обхезӣ дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон ба ин ҷо оварданд. Вазни умумии кӯмаки башардӯстона 80 тонна ва маблағи он қариб 19 миллион рубли Русияро ташкил медиҳад. Кӯмаки башардӯстона аз 20 тонна консерваи гӯшт, 19 тонна консерваи моҳӣ, 110 хаймаи тобистона ва 4 генератори сайёри барқӣ иборат аст. Ҳадафи кӯмаки башардӯстона дастгирии зарардидагони фалокати табиӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дирӯз вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Оқиф Ойхон мулоқот кард. Сафир ба С.Наҷмиддинов кӯмаки башардӯстонаи Ҳукумати мамлакаташро ба зарардидагони фалокати табиӣ - боришҳои тӯлонӣ ва селу обхезӣ дар минтақаи Кӯлоб ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА супорид. Оқиф Ойхон зимни сӯҳбат бо вазир ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони бар асари фалокат ҳалокгардида ҳамдардӣ изҳор намуд. Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия тӯли солҳои охир муттасил густариш меёбад. Туркия аз соли 1992 сар карда, то имрӯз ба Тоҷикистон расман ба маблағи 40 миллион доллари ИМА кӯмак расонидааст. |