Хабарҳои охирин
Серхонанда
Қурби асъор
Обу ҳаво
Пурсиш
Боз 60 автомобил дар байни барфтӯда мондааст
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бар асари фуромадани тарма дар 71 километрии роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд як нафар ҳалок гардид.
Мувофиқи хабари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, 21 феврал автомобили ронандаи 41 сола Нуралӣ Бобоев – сокини ноҳияи Ҷиликӯл, зери тарма монда ва дар натиҷаи ин ронандаи мошин ҳалок шуд.
Назар ба маълумоти охирин, дар ҳоли ҳозир ҳамаи қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд сар аз километри 64 – ум барои ҳаракати нақлиёт баста шудаанд.
Хадамоти роҳ ва гурӯҳи махсус корро барои тоза кардани барф давом медиҳанд.
Мувофиқи маълумоти маркази обуҳавосанҷӣ, баланди барф дар ин ҷо 22 сантиметрро ташкил медиҳад.


