ФАВРӢ: Тӯраҷонзода – дурӯяи дин ва сиёсатИфтитоҳи мактаби нав дар МастчоҳКиҳо сазовори ҷоизаи Рӯдакӣ мешаванд?Калонтарин яхдон дар ШайдонФурӯшандаи симоб ба даст афтод

Ҳамкорӣ самараи дилхоҳ дод

Хоруғ, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар машварати якҷояи кормандони хоҷагии ҷангал, ки таҳти раёсати муовини раиси вилоят Исрор Исроров доир гардид, татбиқи Барномаи идораи якҷояи ҷангал натиҷагирӣ шуд.

Барқарорсозии ҷангалҳои харобгашта ва бунёди ҷангалзорҳои нав яке аз ҳадафҳои асосии ин барнома мебошад. Мувофиқи он заминҳои хоҷагии ҷангал дар ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа ва водии Ғунди ноҳияи Шуғнон ба мӯҳлати 25 сол барои бунёди ҷангалзор ба иҷора дода мешаванд.