«Fashion Consulting Group» ба маркетологҳо ва соҳибкорон роҳҳои муваффақи бозорёбиро меомӯзонад

Август 3, 2016 09:09

 Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ Ховар/. Дар давраи омӯзишие, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт, бозоршиносон, соҳибкорони  бахши мӯд ва намояндагони корхонаҳои дӯзандагӣ ширкат меварзанд.
Давраи омӯзиширо ширкати маъруфи русии «Fashion Consulting Group» дар доираи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) мегузаронад. Лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи «Барномаи ҳамкориҳо дар бахши тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маблағгузорӣ мешавад.
Ҳадафи давраи омӯзишӣ тақвияти дониши иштирокдорон доир ба васила ва роҳҳои муваффақи бозорёбӣ дар саноати мӯди замонавӣ мебошад. Дар давраи омӯзишӣ маркетологҳо ва соҳибкорон доир ба тарзи дурусти роҳандозии тиҷорат дар саноати мӯд, тарҳрезии рушди тиҷорат, бо назардошти имконияту чолишҳои худӣ дар муқоиса бо рақибон, стратегияи нархгузорӣ ва роҳҳои ҷалби муштариёни эҳтимолӣ маълумот мегиранд.
Анӯш Гаспарян, ҳаммуассис ва мудири тиҷоратии «Fashion Consulting Group» мегӯяд: «Дар давраи омӯзишӣ махсусан ба бозори мӯд дар Русия таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ворид шудани  корхонаҳои Тоҷикистон ба он осонтар аст. Бозори Русия ҳамеша барои корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон самти асосии содирот буд, вале саҳми маҳсулоти дӯзандагии Тоҷикистон дар ин бозор дар муқоиса бо кишварҳои дигар камтар аст. Тоҷикистон барои афзоиши содироти маҳсулоти дӯзандагиаш ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Русия иқтидори хуб дорад, вале бар иловаи сифати хуб, дарки беҳтари талаботи бозор лозим аст».

Август 3, 2016 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад