ФАВРӢ: Тӯраҷонзода – дурӯяи дин ва сиёсатИфтитоҳи мактаби нав дар МастчоҳКиҳо сазовори ҷоизаи Рӯдакӣ мешаванд?Калонтарин яхдон дар ШайдонФурӯшандаи симоб ба даст афтод

Бонки «Эсхата» 17-сола шуд


Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз рӯзи таъсис ёфтани Бонки «Эсхата», ки яке аз бонкҳои пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, 17 сол сипарӣ шуд. Дар оғози солҳои 90 – ум дар Хӯҷанди бостонӣ таъсис ёфтани Бонки «Эсхата» маънои ба яке аз марказҳои рушди кишвар табдил ёфтани онро дошт.

Корхонаҳои калон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи вилояти Суғд ба туфайли ҳамкорӣ бо бонки «Эсхата тайи якчанд соли охир тавонистанд, ки чандин лоиҳаҳои рушди иқтисодиётро дар амал татбиқ намоянд.

Мувофиқи маълумоти намояндаи бонки мазкур, дар ҳоли ҳозир сармояи он ба 72 миллион сомонӣ расида ва дар минтақаҳои гуногуни кишвар намояндагиҳои он ифтитоҳ меёбанд.

То имрӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 14 намояндагӣ, 14 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 116 маркази интиқоли маблағ фаъолият доранд.