ФАВРӢ:
Тӯраҷонзода – дурӯяи дин ва сиёсатИфтитоҳи мактаби нав дар МастчоҳКиҳо сазовори ҷоизаи Рӯдакӣ мешаванд?Калонтарин яхдон дар ШайдонФурӯшандаи симоб ба даст афтод
Хабарҳои охирин
Серхонанда
Қурби асъор
БМТ 21.05.2012
1 Доллар 4,7622+0,0002
1 ЕВРО 6,0547+0,0185
10 Рубл 1,532+0,002
Обу ҳаво
Пурсиш
Шумо аз куҷо хабарҳои ҳаррӯзаро мегиред?
ТЎҲФАИ ШОҲДУХТАРИ ҚАТАР БА ОСОРХОНАИ БА НОМИ КАМОЛИДДИНИ БЕҲЗОД
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод соҳиби техникаи нави сабти овоз гардид. Акнун тамошобинон имкон доранд, ки ҳангоми тамошои толорҳои он дар бораи экспонатҳои осорхона на танҳо бо кӯмаки роҳбаладҳо, балки инчунин ба воситаи асбобҳои сабти садо маълумот ба даст оранд.
Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шоҳдухтари давлати Қатар Миёса бинти Ҳамод бини Халифа Алтонӣ ба осорхонаи мазкур 100 дастгоҳи аудиоплеер тӯҳфа кард. Дар онҳо роҷеъ ба экпонатҳои муҳимтарин ва пурарзиши осорхона маълумоти ҳамаҷониба сабт карда шуд. Асбобҳо ба тамошобинон дар бораи экпонатҳо ба забонҳои тоҷикию англисӣ маълумот медиҳанд.
Кӯмаки шоҳдухтари Қатар ба осорхона тавассути созмони хайрияи «Дасти кӯмак ба Осиё» расонда шуд. Хабар дода мешавад, ки шоҳдухтари Қатар соли 2007 зимни сафараш ба Тоҷикистон осорхонаи Беҳзодро тамошо карда, аз толорҳои он ба ваҷд омада буд. Вай ҳамон вақт изҳор карда буд, ки ба осорхонаи миллӣ кӯмак хоҳад расонд.
Кормандони ширкати «Аудио антена»-и Қатар ба кормандони осорхонаи Тоҷикистон роҳу усулҳои истифодаи асбобҳои навро омӯхтанд.

Хабарҳо аз ҳамин мавзӯъ
24.01.2012Осорхонаи миллӣ-ҷои дӯстдоштаи тамошобинон28.12.2009ОСОРХОНАИ МАКТАБ9.01.2009ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ15.05.2009КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ 14.08.2009МАРДИ СОҲИБҲИММАТ