ФАВРӢ: Тӯраҷонзода – дурӯяи дин ва сиёсатИфтитоҳи мактаби нав дар МастчоҳКиҳо сазовори ҷоизаи Рӯдакӣ мешаванд?Калонтарин яхдон дар ШайдонФурӯшандаи симоб ба даст афтод

ВОҚЕАИ НОХУШ

                    Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).-28 июн дар деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб воқеаи нохуш рух дод. Ду сокини навраси деҳа - Абдулхасани Каримзода ва Бобокалон Раджабов барои ҷамъ кардани сӯзишворӣ ба кони ангишти Зиддӣ даромадаанд. Дар вақти кандани ангишт миқдори зиёди хоку санг фурӯ рехт. Дар натиҷа ҳар дуи онҳо зери хок монда, дар ҷои воқеа ҳалок шуданд.
                    Аз дафтари матбуоти ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барои муайян кардани сабабу ҳолатҳои ин воқеаи нохуш тафтишот анҷом дода мешавад.