ФАВРӢ: Тӯраҷонзода – дурӯяи дин ва сиёсатИфтитоҳи мактаби нав дар МастчоҳКиҳо сазовори ҷоизаи Рӯдакӣ мешаванд?Калонтарин яхдон дар ШайдонФурӯшандаи симоб ба даст афтод

Маҷлиси тантанавӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Хайруллоҳ). -  27 октябри соли 2011 бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Вазорати кишоварзӣ ба муносибати 20-умин солгарди   Академияи илмҳои кишоварзӣ бо иштироки вазири кишоварзӣ  Қосим Қосимов, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Аҳмадов, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат маҷлиси тантанавӣ доир мегардад.  

Дар ин рўз 11 нафар  корманди Академияи илмҳои  кишоварзӣ,  ки тамоми нерўи зеҳнӣ, донишу малака ва истеъдоди худро баҳри тараққиёти ин соҳа сарф намудаанд, барои хизматҳои самараноки тўлонӣ дар рушди илми кишоварзӣ бо ифтихорномаи Вазорат сарфароз гардонида мешаванд.