АЗ НАРХИ БОЗОР АРЗОН: Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 май то охири моҳи Рамазон дар тамоми чор ноҳияи пойтахт ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввали аҳолӣ доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 12.05.2019./АМИМТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шуруъ аз аввали моҳи майи соли равон то охири моҳи шарифи Рамазон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи озуқа дар моҳи шарифи Рамазон ташкил карда мешаванд.
Мутахассиси пешбари Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нилуфар САЪДОНШОЕВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора чунин изҳор намуд:
— Ба муносибати моҳи шарифи Рамазон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шуруъ аз 1 майи соли ҷорӣ дар тамоми чор ноҳияи пойтахт ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба роҳ андохта шудааст. Чунин ярмарка-фурӯши маҳсулот дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъморӣ ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ), майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино, майдончаи назди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва майдончаии назди Корхонаи выоҳиди давлатии «Бозори Деҳқон»-и ноҳияи Сино ташкил гардида, дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили гӯшт, орд, равған, биринҷ, шакар, картошка, пиёз, сабзӣ ва ғайра бо нархҳои нисбаитан арзон ва дастрас ба фурӯш гузошта шудаанд.
Аз ҷумла, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсуолоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ зиёда аз 30 тонна гӯшт пешниҳод гардидааст, ки нархи он назар ба нархҳои муқарррарии бозору мағозаҳо арзонтар аст.
Ба ярмарка ва фурӯш дар нуқтаҳои зикршудаи пойтахт инчунин аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ маҳсулоти мавриди ниёзи аввали аҳолӣ ба фурӯш бароварда шудаанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ин ярмаркаҳо тадбирҳои амалӣ андешанд.
Аксҳои Тоҳир САИДЗОДА (АМИТ «Ховар»)













Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд






